Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саволу ҷавоб

Cаволҳои худро ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед 

 

Тибқи талаботи банди 7.7-и номгӯи носозиҳо ва шартҳое, ки истифобдабарии воситаи нақлиётро манъ менамояд (қисми Қоидаи ҳаракат дар роҳ), вуҷуд надоштани сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак мебошад. Аз ин хотир корманди БДА дар асоси талаботи банди номбурдаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 тасдиқ шудааст, вазифадор мебошад, ки зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳатман аз мавҷудияти сандуқчаи тиббӣ ва маводҳои дорувории дохили он, ки барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ зарарият доранд, аҳамият диҳад. Ҳамчунин номгӯи маводҳои дорувории ёрии аввалини тиббӣ низ дар ҳамин сандуқчаи тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Ман Ашурзода Бахтиёр соли 2013 воситаи нақлиётамро аз шаҳрванд Р харидори намудам бо Бовариномаи ҳуқуқи таъмин мебошам. Аз бай қариб се сол сипари гардидааст. Ман меҳхоҳам воситаи нақлиётамро пурра бо номи худам ҳуҷҷатгузори намоям ва рақами қайди давлатиамро дигар кунам, ҳангоми ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили муроҷита намудам ба ман ҷавоб доданд, ки воситаи нақлиёти Шумо аз шаҳри бехатар 39 қонунвайронкуни дорад. Аммо тамои қонунвайронкуниҳои содиршуда то харидори намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ман рух додааст. Савол: Ман дар кадом асос бояд бар ҷойи дигар шахси қонунвайронкунанда маблағи онро пардохт намоям. Ҳоло он, ки тибқи талаботи Моддаи 33. қисми 2 сархати 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мазкур кумаки амалии худро расонед.

Мутобиқи қисми 3 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт (“Шаҳри бехатар”) сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристода мешавад. Дар ҳолате, ки Шумо ваколатнома доред соҳиби воситаи нақлиёт ҳисобида мешавед. Шуморо лозим меояд, ки барои пардохт намудани ҷарима оид ба қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи Шумо содир нашудааст, ба соҳиби воситаи нақлиёт муроҷиат намоед. Ҳангоми саркашӣ намудани соҳиби воситаи нақлиёт аз пардохт намудани ҷаримаҳо оид ба қоидавайронкуниҳои содирнамудааш, Шумо метавонед тариқи ариза ба суд муроҷиат намоед. Ҷаримаи маъмурӣ нисбати шахси содирнамудаи қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ татбиқ карда мешавад.
Тибқи сархати панҷуми кисми 2 моддаи 33 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, ба шарте, ки дар давоми 6-моҳ аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул нашуда бошад. Барои маълумоти пурра гирифтан метавонед ба шӯъбачаи амалияи маъмурии МАИН ва ТҶ Раёсати БДА утоқи №7 бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва ваколатнома муроҷиат намоед.

Ҳангоме, ки нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода мешавад, ба ивази шаҳодатномаи ронандагиаш иҷозатномаи муваққатӣ, ки бо талони қайди қоидавайронкунӣ 30 шабонарӯз эътибор дорад, дода мешавад.
Дар сурати сари вақт ба ҷойи истиқомати ронанда ворид нашудани ин ҳуҷҷат аз тарафи шахсони масъули БДА-и маҳали зисти ӯ мӯҳлати эътиборнокии ҳуқуқи ронандагӣ дар талони қайди қоидавайронкунӣ то 2 моҳи дигар дароз карда мешавад.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки силохи овозй яке аз намудхои силох,и ишоракунанда ба хисоб рафта, тибки талаботи моддаи 18 Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи силох» аз 19 марти соли 2013, №939, шахрвандони Ч,умхурии Точикистон, ки ба синни бистуяксолагй расидаанд, баъд аз пешниход намудани хамаи хуччатхои лозим а ба макомоти корхои дохилии махалли истикомат ва супоридани санчиш оид ба донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох, онхо хукуки гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба силохи ишоракунандаро пайдо мекунанд.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобили зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳуқуқ доранд бағоҷи воситаи нақлиётро бо мақсади муайян кардани мавҷудияти таҷҳизотҳои зарурӣ (сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак) аз назар гузаронанд.

Барои барқарор намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар сурати гум шудани он, шаҳодатномаи нав бо сабти «Нусхаи дуюм» аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти доимии шаҳрванд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ дода мешавад.

Тибқи талаботи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.

Банди-51, зербанди б-и «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва хурди рохбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хизмати ҳарбӣ 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзӣ) ҳангоми озодкунӣ ба истеъфо ё эҳтиётӣ бо фармони сардороне, ки озодкуниро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани чиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни макомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Ба шахсоне, ки бо либоси низомӣ гаштан иҷозат дода шудааст, метавонанд дар ҳамаи мавридҳо либоси низомиро ба бар намоянд.

Мувофиқи талаботи Стандарти ГОСТи 5727-88 агар нургузаронии шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиёти Шумо на камтар аз 75 фоизро ташкил намояд, Шумо метавонед бидуни иҷозатнома воситаи нақлиётро истифода намоед. Тибқи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаи пеши сиёҳкардашуда ё дигар ранг, манъ мебошад.

На основании требований Инструкции «О порядке представления гражданам справок о наличии (отсутствии) у них судимости» Информационные центры УМВД в областях уполномочены предоставлять гражданам справки о наличии (отсутствии) у них судимости. В исключительных случаях и при возникшей необходимости Главным информационно-аналитическим центром МВД Республики Таджикистан на основании Вашего письменного обращения в адрес начальника ГИАЦ МВД Республики Таджикистан с приложением справки выданной из Информационного центра УМВД в Согдийской области, будет выдана справка о наличии (отсутствии) судимости (при невозможности личного присутствия заявителя, с заявлением по вопросу представления справки о наличии (отсутствии) судимости у гражданина, может обратится уполномоченное им лицо).




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика