Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсия

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни 
мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол муддати бисту як сол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад.

Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи якҷоя аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад. 

Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор мехоҳам ҳамаи шумо - кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, ба шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон муваффақиятҳо орзу намоям.

Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. 

Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд. 

Махсусан таъкид карданиам, ки аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.

Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузоштанд. 

Дар ин ҷода мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат аз қувваҳои ҷинояткор фидокорона дар набард шуданд, ки дар ҷараёни он садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд. 

Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ бараъло эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамуданд. 

Дар он солҳои мудҳиш даҳҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо мақсади ҳар лаҳза халалдор намудани вазъи ҷамъиятӣ ҳамарӯза ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирии одамон даст мезаданд ва ба дили сокинони кишвар даҳшат меафканданд. 

Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд. 

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. 

Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ азму талош ва ҷонбозиҳо намуда, ҳангоми иҷрои вазифа зиёда аз 2000 нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд. 

Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии шумо - кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомот тадбирҳои муассир меандешад.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд. 

Дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид. 

Илова бар ин, ба маблағи 18 миллион сомонӣ барои эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ нақлиёту техникаи махсус, яроқу аслиҳа ва воситаҳои махсуси хизматӣ харидорӣ гардида, барои мукофотонидани ҳайати шахсӣ беш аз 22 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. 

Ба истифода додани Маҷмааи госпитали муосир, ки барои сохтмону таҷҳизонидани он аз буҷети давлатӣ зиёда аз 7 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, боиси қайд аст. 

Барои хизмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ танҳо дар панҷ соли охир 19 нафар кормандони мақомот ба рутбаи генералӣ ва 116 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. 

Мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ҳар сол даҳҳо нафар аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманди тоҷик барои таҳсил ба донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ равон карда мешаванд. Танҳо дар соли ҷорӣ 43 нафар ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шуданд. Ҳамчунин беш аз 70 нафар кормандони мақомот дар аспирантура ва докторантура таҳсил намуда, соҳиби унвонҳои гуногуни илмӣ гаштанд.

Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. 

Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад. 

Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон робитаи бевосита дорад. 

Зеро маҳз шумо дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доред ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоед. 

Дар ин радиф фаромӯш набояд кард, ки мардум ба фаъолияти Ҳукумат аз ҷумла аз рӯи масъулиятшиносии ҳар кадоми шумо дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд.

 

Дӯстони азиз!

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти милитсия ба шумор мерафт. 

Мо тамоми заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории мақомоти милитсияро бо дигар мақомоти давлатӣ ва ҷалби шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муҳайё намудаем. 

Тоҷикистон дар фарҷоми асри бистум ба эъмори давлати демократӣ, ҳукуқбунёду дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иқдом намуд. 

То ба имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равандҳои куллӣ ба назар расида, таҳаввулоти бунёдӣ тамоми сохторҳои давлати Тоҷикистонро фаро гирифтаанд.

Ҳалли амалии вазифаҳои дар назди давлати Тоҷикистон қарордошта бе таҳқиқи амиқу ҳамаҷониба ва бе дарки асосноки моҳият ва равандҳои куллии инкишофи ниҳодҳои асосии давлатӣ аз имкон берун аст. 

Масъалаи идоракунии давлат барои мақомоти корҳои дохилӣ мақоми хосаро муқаррар намудааст.

Фаъолияти мақомоти милитсия дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд моҳияти дигар касб менамояд. 

Чораҳои ҷазодиҳӣ дар аксарияти мавридҳо ҷойи худро ба вазифаҳои таъмини тартибот ва амнияти ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, инчунин ба аҳолӣ расонидани хизматҳои иҷтимоӣ медиҳанд. 

Бо дарназардошти ин, мақомоти милитсияро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ ва дониши ҳуқуқӣ, инчунин маданияти касбии кормандони худ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намоянд. 

Аз ин рӯ, омӯхтани таҷрибаи кори милитсия дар давлатҳои пешрафтаи демократӣ нафақат аҳамияти назариявӣ, балки инчунин дар кори татбиқ намудани шаклу усулҳои нави ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аҳамияти муҳими амалӣ дорад.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва тасдиқи санадҳои зериқонунӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои мақомоти милитсия заминаи қонунӣ фароҳам оварда шуд, ки ин самти фаъолияти худро бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон амалӣ намоянд. 

Илова бар ин, ташаббусҳои тозаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар заминаи он қабул гардидани Фармони Президенти мамлакат аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба такмили заминаҳои ташкиливу инфрасохтории соҳа мусоидат намуд. 

Қаблан супориш дода будам, ки нақши нозирони минтақавӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ баланд бардошта шуда, вобаста ба он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои фаъолияти муназзами онҳо тамоми шароитро муҳайё намоянд. 

Вале раванди иҷрои корҳо дар ин самти муҳими фаъолияти мақомот то ҳануз ҷавобгӯи талаботи замони муосир нест. 

Содиршавии ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ба тариқи фаврӣ ошкор нагардидани онҳо низ натиҷаи фаъолияти начандон хуби баъзе нозирони минтақавӣ мебошад. 

Аз ин рӯ, ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ фаъолияти тамоми нозирони минтақавиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин ҷараёни иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин самти фаъолият мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи он бо андешидани чораҳои зарурӣ барои такмили ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Ҳукумати мамлакат ахбори муфассал манзур намояд.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати татбиқи босамари фармони зикршудаи Президенти кишвар ва овардани шароити мусоиди хизмат барои нозирони минтақавӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ! 

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, эктремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ барои ҳар як кишвар вазифаи муҳим мебошад. 

Давлат маҳз тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан милитсия бар зидди чунин зуҳуроти нангин мубориза бурда, барои тамоми мардум ҳаёти осоишта, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳо ва тартиботи комили қонуниро кафолат медиҳад. 

Тавассути амалӣ намудани амалиётҳои густурда ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсади муҳим дар давоми даҳ соли охир 131 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян, дастгир ва безарар карда шудааст. 

Дар ин давра зиёда аз 115 ҳазор ҷиноят ошкор карда шудааст, ки 40 ҳазори онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. 

Илова бар ин, аз 47 амали террористӣ ва тахрибкории содиршуда 17 амал бевосита аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст. 

Аз лаҳзаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», яъне аз соли 2005 то имрӯз қариб се ҳазор ҷинояти ба хариду фурӯши одамон алоқаманд ошкор ва ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. 

Бо ошкор намудани қариб панҷ ҳазор ҷиноят дар давоми панҷ соли охир вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб панҷоҳ тонна маводи мухаддир мусодир