Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 592
тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 283, аз 29.04.2009 № 274, аз 30.12.2011№ 673, аз 30.12.2015 № 819)

1.Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат, хуқуқ, озодиҳо ва амнияти шахсони воқеию хуқуқӣ ва амволи онҳоро таъмин менамояд.
2. Вазорат дар масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат менамояд.
3. Вазифаҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- таҳияи стратегияи умумии сиёсати давлатӣ дар самти муқарраршудаи фаъолият;
- пешниҳод оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқарраршудаи фаъолият;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани чораҳо доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани чораҳо доир ба амнияти экологӣ ва карантинӣ;
- дар доираи ваколатқои худ ташкил ва амалӣ намудани чораҳои пешгирӣ, ошкоркунӣ, бартарафкунӣ, фошсозӣ ва тафтишоти ҷиноятҳо;
- пешгирӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
- таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ;
- таъмини бехатарии зиддисӯхторӣ;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба гардиши яроқ;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил намудани муҳофизати давлатии моликият ва ташкилотҳо;
- идоракунии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти корҳои дохилӣ), қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - қӯшунҳои дохилӣ) ва ташкил намудани фаъолияти онҳо.
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани фаъолият оид ба муайян намудани мақоми гуреза ва шахсони паноҳҷӯянда (қарор аз 29.04.2009с. № 27).
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бевосита ва (ё) тавассути воҳидҳои ба сохтор ва Нақшаи идоракунии он шомил - Академия, Сарраёсат, Сармарказ, раёсатҳо, хадамотҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ, намояндагиҳо (намояндаҳо)-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, дигар ташкилоту воҳидҳое, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилии он вогузоршуда таъсис дода шудаанд, амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 673).
6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои парчам аст, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Ваколатҳо
8. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар асоси таҳлил ва пешбинии вазъияти тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва равандҳои муҳоҷират, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият амалӣ менамояд;
- чораҳои татбиқ намудани сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият таҳия ва амалӣ менамояд;
- лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқарраршуда таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои соҳаи муқарраршудаи фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, омода месозад;
- самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилиро муайян намуда, фаъолияти онҳоро роҳбарӣ менамояд;
- таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст намуда, таҳлили татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ба роҳ мемонад ва дар ин асос чораҳои такмили фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилиро таҳия менамояд;
- дар таҳияи барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ширкат меварзад;
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳоро омода месозад;
- тартиб ва роҳу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро дар мақомоти корҳои дохилӣ муайян намуда, онро дар амал татбиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 819);
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ;
- истеҳсолоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вобаста ба парвандаҳои ҷнноятӣ; фаъолияти ташхисию криминалистӣ; кофтукови ашхос ва амволи дуздидашуда;
- назорат аз болои муомилоти яроқи шаҳрвандӣ ва хизматӣ, нигохдорӣ ва ҳолати техникии яроқи ҳарбии дастии тирандозие, ки муваққатан дар ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ дар асоси вазифаҳои махсуси оинномавӣ қарор доранд ва инчунин риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" аз тарафи шахсони ҳуқуқии мазкур;
- ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо додани иҷозатнома ва литсензияҳо барои дастрас намудани яроқ ва тирҳои он, иҷозатномаҳо барои нигоҳдорӣ, гирифта гаштан ва истифодаи яроқ, тиру лавозимоти ҷангии он, инчунин барои ҳамлу нақл, ворид намудан ба ҷумҳурӣ ва баровардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати фаъолияти муҳофизати идоравиро ташкил ва амалӣ менамояд;
- дар ташкил ва татбиқи самтҳои асосии таъминоти бехатарии ҳаракат дар роҳ иштирок менамояд; оид ба пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва бартараф намудани оқибатҳои вазнини он чорабиниҳо таҳия намуда, онро амалӣ мегардонад; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти бехатарии ҳаракат дар роҳ вазифаҳои махсуси назоратӣ ва иҷозатдиҳиро амалӣ менамояд;
- дар ташкил ва татбиқи самтҳои асосии таъминоти бехатарии зиддисӯхторӣ иштирок менамояд; оид ба пешгирии сӯхтору оташгириҳо ва бартараф намудани оқибатҳои вазнини он чорабиниҳоро таҳия намуда, онҳоро амалӣ менамояд; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти бехатарии зиддисӯхторӣ, вазифаҳои махсуси назоратӣ ва иҷозатдиҳиро ташкил ва амалӣ менамояд;
- мувофиқи шартнома муҳофизати иншоотҳои махсусан муҳим, иншооти муҳими давлатӣ ва борҳои махсус, минтақаҳои сохтмонӣ, иншоотҳое, ки муҳофизати онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳатмист, инчунин муҳофизати моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд;
- истеҳсолоти парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ марбут ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилиро ташкил менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи давлатии судяҳо, шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назораткунанда, инчунин амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва наздикони онҳоро таъмин менамояд;
- доир ба такмили муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳоро таҳия намуда, онҳоро амалӣ менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопиро таъмин менамояд;
- ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқулодда ва ҳарбӣ дар таъмини он, инчунин дар гузаронидани чорабиниҳои замони ҷанг ва чорабиниҳо дар доираи системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда иштирок менамояд;
- дар системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон омодагии сафарбарӣ ва сафарбаркуниро ташкил ва таъмин менамояд;
- дар ташкили мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд; доир ба амалӣ намудани мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистои бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дигар, ташкилотҳои ҳарбӣ ва мақомот амалиёти муштарак ташкил менамояд;
- иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани устувории фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилиро дар шароити замони ҷанг ва ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда дар замони осоишта таъмин менамояд;
- дар таъмини иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон иштирок менамояд; бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии кормандонеро, ки ӯҳдадориҳои ҳарбӣ доранд, ташкил ва амалӣ менамояд;
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилӣ, инчунин дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидоравӣ ба манфиати мақомоти дахлдори дивлатии ҳокимияти иҷроия ҳамлу нақли махсус ва ҳарбиро ташкил мемамояд;
- бо тартиби муқарраршуда дар судҳо ҳимояи манфитҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва амалӣ менамояд;
- гузаронидани мушоҳидаҳои омории давлатиро дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият мутобиқи методологияи расмии оморӣ таъмин менамояд;
- таъминоти кадрии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодасозӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва коромӯзии кадрҳоро ташкил менамояд; доир ба таъмини ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳоро таҳия намуда, онҳоро амалӣ мегардонад; дар таҳия ва татбиқи барномаҳои таъминоти кадрӣ иштирок мекунад;
- чорабиниҳои пешгирии бемориҳо, табобатӣ, санаторию истироҳатӣ, солимгардонӣ ва барқароркуние, ки баҳри ҳифзу мустаҳкам намудани саломатии кормандону хизматчиёни ҳарбӣ, аъзоёни оилаҳои онҳо, хизматчиёни давлатӣ, кормандон ва нафақахӯрони сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд ва инчунин шахсоне, ки таъминоти онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, таҳия ва амалӣ менамояд;
- дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти дохилӣ ва ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ ва дигар асрори аз ҷониби қонун ҳифзшаванда мебошад, ташкил мекунад;
- таъминоти мутамаркази мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилиро бо техникаи ҷангӣ, махсус, рамзбандӣ, таҷҳизот, лавозимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои моддию техникӣ, инчунин, аз ҳисоби буҷети давлати бо маблағҳои молиявӣ ташкил мекунад; доир ба мустаҳкамкунӣ ва инкишофи заминаи моддию техиикии мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилӣ чорабиниҳоро таҳия намуда, онҳоро амалӣ мегардонад;
- гузаронидани озмунҳо ва бастани қарордодҳои давлатиро барои ҷой додани фармоишҳо оид ба таьмини амвол, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
- дар фаъолияти мақомоти корҳои дохили ва қӯшунҳои дохилӣ ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, техникӣ ва таҷрибаи мусбат, инчунин, инкишофи алоқа ва идораи автоматонидашударо дар сохтори Вазорати корҳои дохлилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад;
- таъминоти иттилоотию ҳуқуқии мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилӣ, ворид намудани манбаъҳои маълумоти ҳуқуқиро дар соҳаи муқаррашудаи фаъолият амалӣ мегардонад;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикисгон, бо тартиби муқарраршуда доир ба таъсиси буҷети давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳию хаттии шаҳрвандон ва доир ба онҳо қабули қарорҳо ва ирсоли ҷавобҳоро ташкил менамояд;
- корҳои пурракунонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад;
- вазифаҳои тақсимотчии асосии маблағҳои буҷетии давлатиро, ки барои таъминоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ӯхдадориҳои ба зиммаи он гузошташуда пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамояд;
- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият дигар вазифаҳоро низ амалӣ мегардонад, агар ин вазифаҳо бо қонунҳои конститусионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошанд.
9. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, инчунин, аз ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию-ҳуқуқиашон, ҳуҷҷатҳо, маводи маълумотҳо ва дигар маводе, ки барои қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият заруранд, талаб намуда онҳоро гирад;
- бо тартиби муқарраршуда барои таҳияи қарорҳо доир ба масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимону мутахассисонро, аз ҷумла, дар асоси шартнома ҷалб намояд;
- вазифаҳои фармоишгари давлатиро амалӣ намуда, сохтмони асосӣ, азнавсозӣ ва таъмири асосии иншоотҳои сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сохтмони манзилиро ташкил намояд;
- фонди манзили хизматиро доро бошад;
- қайдҳо, манбаъҳои фаврию маълумотӣ, кофтуковӣ, криминалистӣ, оморӣ ва дигар иттилоотро ба роҳ монад, таъсис диҳад, инчунин, бо тартиби муқарраршуда қайдҳо ва манбаъҳои маълумоти дигар мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияро истифода намояд;
- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷой додани дигар мавод оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият воситаҳои чопӣ ва электронии ахбори умумро таъсис диҳад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои соҳавӣ, нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳои фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад;
- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангосозӣ, маслиҳатӣ, ташхисӣ ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо), аз ҷумла, байниидоравиро таъсис диҳанд.
3. Ташкили фаъолият
10. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазир) роҳбарӣ мекунад, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият шахсан ҷавобгар аст.
Вазир муовини аввал ва муовинон дорад, ки онҳо бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Муовини аввал, муовинони вазир ва сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 283).
11. Таъинот ва аз вазифа озод намудани роҳбарони Академия, Сарраёсат, Сармарказ, раёсатҳо, хадамотҳо ва марказҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва намояндагиҳо (намояндаҳо)-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, аз ҷониби Вазир дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 673).
12. Вазир:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият маълумот медиҳад;
- оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- фаъолияти Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, тартиботи дохилии онро тасдиқ менамояд;
- ӯҳдадориҳоро байни муовинони худ тақсим намуда, ваколатҳои шахсони мансабдори сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли мустақилонаи вазифаҳое, ки бар зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилӣ вогузор шудаанд, муқаррар менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, таҷдид ва барҳам додани воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла якҷоя бо роҳбарони дигар мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия ба табъ мерасонад; бо тартиби муқарраргардида дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хусусияти байниидоравӣ доранд, мебандад;
- бо тартиби муқарраршуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои конунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро манзур менамояд:
- пешниҳод барои таъин ва озод намудан аз вазифаҳое, ки ба ин мансабҳо бояд аз ҳисоби ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ таъин карда шаванд, инчунин, ба вазифаҳои ҳарбӣ таъин ва озод намудан аз вазифаҳои ҳарбие, ки ба ин мансабҳо афсарони олӣ бояд таъин карда шаванд;
- пешниҳод дар бораи ворид намудани вазифаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ба номгӯи вазифаҳои дахлдоре, ки аз ҳисоби шахсони ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарони олӣ ҷобаҷогузорӣ карда мешаванд;
- пешниҳод дар бораи ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ додани рутбаҳои махсуси ҳайати олии роҳбарикунанда ва ба хизматчиёни ҳарбӣ додани рутбаҳои ҳарбии афсарони олӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳод дар бораи таъсис додани нишонҳои бартарият ва нишонҳои фарқият ва дигар рамзҳои расмӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳод дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонидани кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва дигар шахсоне, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда кӯмак кардаанд, инчунин дар бораи ба онҳо эълон намудани сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро пешниҳод менамояд:
пешниҳодҳо дар бораи таъин намудан ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудан аз ин вазифаҳо;
пешниҳодҳо дар бораи шумораи кормандон ва хизматчиёни ҳарбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешниҳодҳо дар бораи андозаи маблағҷудокунӣ барои таъминоти кормандон ва хизматчиёни ҳарбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои ба ин мақсадҳо аз буҷети давлатӣ пешбинишуда;
- инҳоро тасдиқ менамояд:
тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо (оиинномаҳо) дар бораи мақомот, воҳидҳо ва ташкилотҳои сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
сохтор ва ҷадвали штатии Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар шудаанд, инчунин сохторҳои намунавӣ ва ҷадвали штатии намунавии мақомот, воҳидҳо ва ташкилотҳои сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои шумораи штатии онҳо;
низомномаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳайатҳои мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шӯроҳо ва комиссияҳо), аз он ҷумла, байниидоравие, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд;
низомнома дар бораи дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақомоти машваратӣ, ташхисӣ ва ҳайати онҳо;
меъёрҳои муваққатии таъминоти гурӯҳҳои алоҳидаи кормандоне, си супоришҳои махсусро иҷро мекунанд бо амволи пӯшока;
низомнома дар бораи мукофотҳои соҳавӣ, нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳои фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсифи онҳо;
нишонҳои бартарият дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсифи онҳо;
дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дохилиидоравие, ки ба салоҳияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;
- дар доираи салоҳияти худ кормандон ва хизматчиёни давлатии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, марбут бо адои хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандон ва хизматчиёни ҳарбиро ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳо сафарбар менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ, тартиби интихоб ба хизмат (кор) дар мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин тартиби фиристоданро барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ менамояд;
- қарорҳои шахсони мансабдор, мақомот, воҳидҳо ва ташкилотҳои сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳукуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, бекор менамояд, агар мувофиқи қонун тартиби дигари бекор кардани чунин қарорҳо муқаррар нашуда бошад;
- тартиби истифодабарии воқеӣ ва шартии номҳоро дар мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилӣ муайян намуда, бо тартиби муқарраршуда чунин номҳои шартиро мегузорад;
- мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, меъёрҳои муваққатии муқаррароти силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои моддию техникиро барои мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳон дохилие, ки дар гузаронидани амалиёт ва чорабиниҳои махсус иштирок менамоянд, муқаррар ва муайян менамояд;
- кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шаҳрвандонеро, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда ҳамкорӣ намудаанд, бо тӯҳфаҳои соҳавӣ мукофотонида, нисбати онҳо дигар намудҳои ҳавасмандкуниро, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд, истифода менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.
13. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (раиси ҳайати Мушовара), муовинони ӯ, ки аз рӯи вазифа ба он шомиланд, ҳамчунин дигар шахсон таъсис дода мешавад.
Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба он шомиланд) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
14. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, дигар мӯҳрҳо, штампҳо бланкҳои намунаи муқарраршуда ва ҳисоб, аз он ҷумла ҳисоби асъорӣ, ки он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, мебошад.
15. Суроғаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷалол Икромӣ - 29 мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика