Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

36 ҳолати ҷинояти дуздӣ бо зарари 300 ҳазор сомонӣ

317Вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ рабудашудани маблағҳои пулӣ, телевизор ва дигар ашёҳои қимматнок аз дохили манзилҳои истиқоматӣ шаҳрвандонро ба ташвиш оварда, ба кормандони милитсия муроҷиат менамуданд. Содиршавии ҳаммонандии ҷиноятҳо аз нафари ҷинояткоре дарак медод, ки тариқи шикастани дар ва аз болои девор вориди манзили истиқоматӣ шуда, бо як чолокии махсус содир шудаанд. 

Маҳорат ва малакаи баланди касбии кормандони Шуъбачаи 3-юми Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе буд, ки бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафари гумонбарро, ки ҳамзамон барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир намуданд.

318

Ин нафар шаҳрванд, Бекназаров Фаридун, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки қаблан 3-маротиба бо ҷурми дуздӣ ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда, дар ҳолати ретсидивии ба ҷомеа хавфнок боз силсиладуздиҳоро дар ҳаҷми махсусан калон содир намудааст.
Чунончӣ номбурда ба манзили истиқоматии сокини 28-солаи шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гардида, аз он ҷо як қатор лавозимоти сохтмониро, ки 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Бояд тазаккур дод, ки барои ба даст овардани маблағу даромади муфт номбурда аз ҳар роҳу восита истифода бурда, манзилҳои истиқоматии боҳашаматро мавриди ҳадафи ҷиноятии худ қарор додааст. Набудани соҳибхона, шикастани тирезаву кушодани он ва аз болои девор вориди хона шудан аз усулҳоест, ки ҷинояткори моҳир Фаридун Бекназаров барои ба даст овардани пулу моли муфт истифода мебурд.

319

Баъ аз дастгир шудан аз ҷониби кормандони милитсия як қатор таҷҳизотҳои рабудашуда, аз ҷумла 5-адад телевизор ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд. Чунончӣ зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ин нафари ҷинояткор дар содир намудани 36-ҳолати ҷинояти дуздӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 300-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Акнун ӯро мебояд барои кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфноки сордирнамудааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Сироҷиддин Шукуров


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика