Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолатҳои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, 2-юми июли соли 2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Ёва дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, бо марди 53-солаи сокини кӯчаи Навободи ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 9-уми июли соли 2018, тахминан соати 20:30-дақиқа, ҳангоми дар назди ҳавлии истиқоматии марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёва қарор доштанаш, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба тарафи чапи баданаш задааст.
Дар натиҷа, мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.
Нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада, дар назди хонаи истиқоматиашон бо ҳамсояаш марди 36-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 3-маротиба ба аъзои бадани охирон задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.
Нисбати ҷавони 19-сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика