Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲНИТ- сарчашмаи террору даҳшатафканӣ

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти мутттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад. Ин масмумияти равонӣ ҷисм ва рӯҳияи миллӣ-мардумиро дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ хурофоту таассуби шадид гардида истодааст.
Таъкид сари ҷанги бародаркушист ва шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд, ки оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулӯи бародарро дарид ва бар асари низоъҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид дар миқёси мамолики дуру наздик беобрӯ гардидем. Ин расвоӣ ва беобрӯйӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон-ҳазор нафарро ба хун оғушта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт, то имрӯз дуруст ба худ наомадаем.
Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистони нав ба истиқлолиятрасида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвиҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазхабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Роҳбарони ҳизб ва фурсатталабони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ - мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст.
Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани ин ҳизб ва муллоҳои саршиноси ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест.
Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ТЭТ ҲНИТ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Муҳри кофар задан ва бо ин ҳарфи носазо тавҳину таҳқир ва ба марг маҳкум кардани касони мухолиф, ки аз ҷумлаи мусулмонон буданд, дар байни авомунносе, ки таҳти таъсири бевоситаи муштариёни ТЭТ ҲНИТ қарор доштанд, дар ибтидои солҳои навад муд шуда буд ва қисмати зиёди мардуми бесавод ва камсавод аз шиорҳои зиддиинсонии воизону муллоҳои нуфузманди ТЭТ ҲНИТ ба ваҷд омада, орзуи қатли ҳамватанон, хешу ақрабои худро, ки дар либоси дигарандешӣ бадар омада буданд, дар дил мепарвариданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд.
Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу Ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризояти иҷтимоӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни он ба вуқӯъпайвастаро бахшиданд ва ин ҳизбро дубора ва таври расмӣ иҷозат доданд. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИТ ягона ҳизби сиёсӣ буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯйистифода намуда, ахиран (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст.
Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯйи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Мунтаҳо, ин созмони террористӣ-экстремистӣ миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИТ ба «иқдом»-и навбатӣ – омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака шуд.
Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Хадафҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби баста шудани ин ҳизб гардиданд.
Баста шудани ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ дошта задани раёсати ин ҳизб (махсусан дар шахсияти Кабирӣ) ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб бо дархости Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИТ ҳизби террористӣ эълон шуд. Баста шудани ТЭТ ҲНИТ пеш аз ҳама ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зурӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Вале сарони ин ҳизб (махсусан Кабирӣ) мардумро бо роҳи дуруғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ пушиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро буғранҷ кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.
Ҳарчанд дар ин ҳодиса Назарзода ба сазои аъмолаш расид ва бархе аз сарону созмондиҳандагони ин ҳодиса ҳамчун муҷрим ба маҳкама кашида шуданд, вале созмондиҳандаи асосии ин ҳодисаи нангин Кабирӣ, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо ба cap мебарад. Нашармида алайҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯяд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода мехоҳад дар Аврупо, ки доим аз адолату инсоният кор мегиранд, паноҳ барад ва беҷазо монад.
Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Эҳсони Илҳом


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика