Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми муносиби кормандони Академияи ВКД дар ободонию созандагӣ

164

Рӯзи 9-уми июни соли 2018 бо ширкати бевоситаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., ҳайати доимии Академияи ВКД ба шанбегии умумӣ баромада, барои тозаю озода намудани гирду атрофии бинои Академия, рангу бори роҳравҳо, синфхонаҳо, кабудизоркунӣ ва шинондани гӯлу буттаҳои ороишӣ ҷалб карда шуданд.

165

Инчунин, бо роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Ҳалимзода А.Ҳ. як гурӯҳ омӯзгорон ва курсантони курси якуми факултети №2 ба қисми ҳарбии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, гирду атрофи қисми ҳарбии мазкур ва боғу роҳравҳои онро аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Убайдуллоев Ш.Э.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика