Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

2099 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат, машварати корӣ доир карданд.

Дар машварат нахуст ҳисоботи Муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба рафти иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт нақшаи чорабаниҳо таҳия гардида, руйхат ва шумораи иншоотҳои ҷашнӣ тартиб дода шудааст.

Ба руйхати иншоотҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд мегардад, асосан биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо шомил карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳои олию миёнаи таълимӣ ва омода кардани онҳо ба соли нави хониш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар кардани шароити кор дар марказҳои саломатӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастур дода шуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд аз ҳозир корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шавад.

210

Супоришҳои дигар ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019, таъмини пурраи иншоотҳои пойтахт бо гармӣ ва неруи барқ, захираи зарурии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯст аллакай дар саросари кишвар корҳои бунёдкориро ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз кардаанд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика