Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо кормандону собиқадорони милитсияи шаҳри Бохтар

407

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Бохтар дидан намуда, бо кормандони милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри мазкур мулоқот намуд.

408

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ кормандони милитсияро ба хизмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуда, ба шахсони масъул супориш дод, ки пайваста ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро ба осоишгоҳҳои табобатию фароғатӣ ҷалб намоянд.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ аз Изолятори нигоҳдории муваққатии ШВКД дар шаҳри Бохтар, ки пурра таъмиру таҷдид гардидааст, боздид ба амал оварда, аз шароитҳои он шиносоӣ пайдо кард.

412413414415

Мавриди қайд аст, ки дар Изолятори нигоҳдории муваққатӣ шахсони ба ҷиноят гумонбар нигоҳдорӣ шуда, сипас бо қарори суд ба дигар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида мешаванд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика