Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҷойи тирпаронӣ барои кормандони милитсияи вилояти Хатлон

404

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонию созандагӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мазкур боздид ба амал оварда, дар маросими ифтитоҳи ҷойи тирпаронӣ барои ҳайати шахсии Раёсат иштирок намуд.

405

Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаю маҳорати кормандони милитсия варзиши тирпаронӣ муҳим буда, ба онҳо мутахассисони варзида нозукиҳои муомила бо силоҳ ва истифодаи онро меомӯзонанд.
Ҷойи тирпаронӣ бо ҳамаи таҷҳизоту воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз буда, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон зимни машғулиятҳои хизматӣ аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика