Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарҳангу маданияти баланд-нишонаи хештаншиносист

216

Имрӯз (09.06.соли2018), бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсату хадамотҳо, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани дараҷаи маънавиёт, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, дар намоишномаи опереттаи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» бардошт аз песаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, дар таҳияи ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Юдаков ва Шавкат Халилов, ки дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ» ба намоиш гузошта шуда иштирок намуданд. 

217218

Саҳнаи намоишномаи опереттаи «Найрангҳои Майсара», паҳлуҳои зиндагии ҷомеаро дар бар гирифта, қаҳрамони он баҳри пос доштани ишқи поки ду ҷавон ва ба висоли якдигар расидани онҳо талош менамояд. Қаҳрамони ин намоишнома Майсара, новобаста аз мушкилоти ба сараш омада, барои бартараф намудани он амалу кирдор ва хоҳиши шахсони худком, бо тамоми ҳастии худ мубориза бурда оилаеро барпо менамояд. Намоишномаи пешкашгардида пур аз ҷабҳаҳои ахлоқӣ буда тамошобинро муборизи чунин амалу кирдорҳои ношоистаи ҷомеа мегардонад.
Ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» бо маҳорати баланди ҳунармандӣ тавонистанд саҳнаҳои ҷолиби диққату маърифатиро пешкаши тамошобинон гардонанд ва оркестри созӣ-нафасии муассисаи мазкур бо маҳорати баланди навозандагии оҳангу навои дилошуби худ тавонистанд ба нақшофарии ҳунармандони театр ҳусни дигарро зам намоянд.

219

Вазири корҳои дохилӣ аз номи худ ва тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарият ва ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» барои офаридани чунин намоишнома арзи сипос намуд.

Р.Илёсов,
Т.Латипов.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика