Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз дукони дузандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД

570

Рӯзи 6-уми июни соли 2018 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти фаъолияти дукони дузандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ, ки барои духтани сару либоси низомӣ таъсис дода шудааст, боздид ба амал овард.
Мавриди зикр аст, ки дукони дузандагии Раёсати таъминоти моддӣ техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмин намудани сару либоси ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, қисмҳои низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои он фаъолиятро оғоз намудааст.

571572573
Дар идомаи боздид Вазири корҳои дохилӣ аз ошхона ва гармхонаи Раёсати мазкур, ки пурра таъмиру таҷдид гардидаанд, дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тоҷиддин Латипов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика