Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсанти Академияи ВКД соҳиби 3 медали тилло гардид

511

Рӯзи 13-уми майи соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ба пешвозгирии варзишгарони тоҷик, хусусан курсанти курси 1-уми факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Самадова Миҷгона Абдусаломовна, ки дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг ширкат варзида, соҳиби се медали тилло гардид, волидон, хешу табор ва курсантону омӯзгорони Академия баромада, ӯро бо гулу гулдаста истиқбол гирифтанд.
Ин мусобиқа аз санаи 6-ум то 13-уми майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон байни 33 давлати Осиё баргузор гардида, дар он аз дастаи яккачини Тоҷикистон 20 варзишгар ширкат варзиданд. Варзишгарони тоҷик, дар маҷмӯъ соҳиби 23 медал (15 тилло, 4 нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд ва ҳамин тавр, Тоҷикистон ҷойи сеюми мусобиқаро ба даст овард. 

512

Аз ҷумла, варзишгардухтар Миҷгона Самадова дар се намуди варзиш соҳиби 3 медали тилло гардид. Ӯ аз намудҳои Фул-кантак (ҳарифон аз давлати Қирғизистон, Канада ва Эрон), Кик-лайт (ҳарифон аз давлати Ҳиндустон, Тайланд, Ӯзбекистон ва Эрон) ва Лайт-кантакт (ҳарифон аз давлати Қирғизистон, Чин ва Эрон) дастболо гардид.
Ин муваффақияти аввалини Миҷгона набуда, ӯ дар бисёр мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ карда, бо ғалабаҳояш дар ин гуна чорабиниҳои муҳим борҳо Парчами давлатии Тоҷикистон баланд афрохта шудааст. Аз ҷумла, зимни иштирок дар панҷумин бозиҳои осиёӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ашқобод баргузор гардиданд, дар вазни 60 кило дар намуди кикбоксинг ҷойи аввал ва медали тиллои ин мусобиқаи сатҳи баландро ба даст овард.

513

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро варзишгарони ҷавон, аз ҷумла Миҷгона Самадоваро пайваста дастгирӣ намуда, ӯро бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ намудааст.
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ, Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика