Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э Ъ Л О Н !!!

Бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ҷинояткору ифротгаро, тарғиби шоҳмот дар вилоят, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ байни наврасону ҷавонон, бо ташаббуси Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкори бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ оид ба «Шоҳмот» баргузор мегардад. 

Мусобиқаи шоҳмот рӯзи 19 июни соли 2018, соати 09:00, дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд байни наврасону ҷавонон аз рӯи се давраи синну солӣ аз 6 то 12 сола: аз 14 то 17 сола: аз 18 сола боло дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни «Ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад.
Дар мусобиқа ҳар шахси хоҳишманд (мардону занон) метавонанд иштирок намоянд.
Ғолибони мусобиқа аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешаванд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика