Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмун дар бораи вазифаҳои холӣ

САҲА

Номгӯи эълон дар бораи вазифаҳои холӣ: 1 мутахассиси байналмилалӣ (дар ш.Душанбе истиқоматкунанда) ва 3 мутахассиси миллӣ барои таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва тавсияҳои амалӣ мутобиқи Стратегияи ҳуҷҷатҳои Ислоҳоти милитсия.
Ҷойи кор: ш. Душанбе, Тоҷикистон
Санаи эълон: 11.05.2018
Мӯҳлати охири пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 01.06.2018


Таърихи мухтасар:
Соли 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ислоҳоти фарогирандаи милитсия ба манфиати мардуми Тоҷикистон қарор қабул намуд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ҳамчун ВКД) аз Идораи барномаҳои САҲА дар Душанбе (минбаъд ҳамчун Идора) оид ба мусоидат намудан дар ислоҳоти милитсия тавассути расонидани кӯмаки машваратӣ дар асоси равишҳои бисёрсоҳаи таъминоти бехатарӣ дархост намуд.
Дар ҷавоб ба ин дархост, Идора Миссияи САҲА оид ба баҳогузории талаботҳоро барои гузаронидани таҳқиқи дақиқи мақоми кво (вазъи ҷорӣ)-и ВКД оид ба фаъолияти политсия ва тадбирҳои заруриро барои рушди он ҷалб сохт. Миссия оид ба баҳогузории талаботҳо аз ҷониби шахсони мансабдори САҲА, ки асосан фаъолияти худро дар Котиботи САҲА пеш мебурданд, гузаронида шуд. Пас аз анҷоми баҳогузории талаботҳо, ҷонибҳо (ВКД ва САҲА) барои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум (минбаъд ҳамчун «ЁТ») дар соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА ба созиш омада, Стратегияи ислоҳоти милитсияро таҳия намуданд.
ЁТ ба ҳайси ҳуҷҷати ҳуқуқии асосӣ баромад мекунад, ки вазифаҳо ва уҳдадориҳои ҳар яке аз ҷонибҳоро муайян месозад. Яке аз уҳдадориҳои асосии Идора ин пешниҳоди кӯмаки техникӣ-машваратӣ ба ВКД дар ҷалби Гурӯҳи машваратии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди Стратегияи ислоҳоти милитсия буд. Хулосаҳои баровардашудаи баҳогузории талаботҳо барои таҳияи Стратегияи ислоҳоти милитсия маводҳои иттилоотии муҳим гардида, ба лоиҳаи аввали Стратегия, ки аз ҷониби мутахассисони САҲА коркард шуда буданд, ворид карда шуданд. Илова бар ин, Гурӯҳи машваратии ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзоёни Гурӯҳи роҳбарикунанда оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия, инчунин аъзоёни дахлдори Гурӯҳи корӣ, ки аз намояндагони гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти ҳукуматӣ, шарҳ гузаронида Стратегияро аз нав дида баромаданд. Бо Фармони Президент, Стратегияи ислоҳоти милитсия соли 2013 қабул гардид, ки ҳамчун «харитаи роҳ» хидмат намуда, вазъи стратегии сиёсати давлатиро дар мусоидат ба ташаккулёбии милитсия дар сатҳи ҷамъиятӣ дар солҳои 2013-2020 нишон медиҳад. Механизмҳои амалисозии Стратегия дар Барнома ва Нақшаи амали Ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 пешниҳод шудаанд, ки аз ҷониби ВКД таҳия гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.


Тавсифи кутоҳ:
Идора қабули 1 мутахассиси байналмилалӣ (дар ш.Душанбе истиқоматкунанда) ва 3 мутахассиси миллиро ба мӯҳлати аз 3 то 6 моҳ барои гузаронидани баҳогузории бевоситаи талаботҳо ва пешниҳоди тавсияҳои афзалиятҳои ҷории амалисозии Ислоҳоти милитсия эълон менамояд. Илова бар ин, мутахассисони ба кор гирифташуда бояд ба навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ кӯмаки амалии худро расонанд, инчунин ба намояндагони ВКД нозукиҳои таҳия ва навиштани пешниҳодҳои лоиҳавиро омӯзонанд.
Вазифа:
Вазифа барои бунёди иқтидори шуъбаи дахлдори ВКД оид ба таҳия ва навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ марбут ба ислоҳоти милитсия барои ҷалби маблағҳои пулӣ (фандрейзинг) ва амалисозии Барнома ва Нақшаи амали Ислоҳоти милитсия бо муайянсозии мушкилот, монеаҳо, афзалиятҳо ва соҳаҳои мукаммалсозии он равона шудааст.


Вазифа ва уҳдадориҳои мутахассис:
Дар ҳамкории зич бо Ҳамоҳангсози миллии ВКД оид ба ислоҳоти милитсия ва бо Афсари миллии алоқа, мутахассисони байналмилалӣ ва миллӣ ба Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба Афсари миллӣ оид ба мусоидат ба ислоҳоти милитсияи Идора ҳисобот медиҳад ва дар вазифаи зерин масъул аст:
• Бо Стратегия, Барнома ва Нақшаи амали Ислоҳоти милитсия бодиққат шинос шавад;
• Дар ВКД панҷ рӯз дар як ҳафта аз соати 8:00 то 17:00 қарор дошта, бо ҷузъу томҳо ва кормандони дахлдори ВКД бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба Ислоҳоти милитсия ҳамкорӣ намояд;
• Баҳогузории бевоситаи этиёҷот ва афзалиятҳои ҷориро барои амалисозии самараноки Ислоҳоти милитсия гузаронида, тавсияҳои худро вобаста ба он диҳад;
• Қонунгузории миллӣ ва чаҳорчӯбаҳои ҳуқуқии марбут ба барномаи ислоҳоти милитсияро таҳлил намуда, дида барояд;
• Дар ҳамоҳангсозӣ бо идораи Ҳамоҳангсози миллии ВКД оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия, нақшаи корӣ ва масъалаҳои марбут ба онро тартиб диҳад;
• Аз рӯи зарурият ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намояд;
• Дар заминаи натиҷаҳои бадастомада, пешниҳодҳои ниҳоии лоиҳавиро барои ҳар як соҳаи ислоҳоти милитсия, ки ба татбиқи Барнома ва Нақшаи амали ислоҳоти милитсия нигаронида шудааст, таҳия намуда, нависад;
• Ба кормандони таъиншудаи ВКД донишҳои назариявӣ ва амалиро бархӯрдор намояд ва ба онҳо таҳия ва навиштани пешниҳодҳои лоиҳавиро омӯзонад.
Натиҷаҳои чашмдошт:
Пешниҳод намудани то даҳ таклифу пешниҳодҳои лоиҳавии ҳар соҳаи рушд дар чаҳорчӯби ислоҳоти милитсия, марбут ба амалисозии Барнома ва Нақшаи амалҳои ислоҳоти милитсия.

Тахассуси зарурӣ:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи идораи лоиҳаҳо ва ё маъмурияти корӣ, хубтар мешуд дар пайвастагӣ бо таҷрибаи соҳаи амният ва ё хизмати ҳарбӣ, ё маълумоти ҳамарзиш, на кам аз 5 соли таҷрибаи дахлдор;
• Таҷриба дар соҳаи таҳияи барномаҳо, ба монанди малакаи омодасозии ҳуҷҷатҳои мантиқӣ, мувофиқашуда ва асоснок, аз ҷумла буҷетӣ;
• Қобилияти кор дар командаи иборат аз ихтисосҳои гуногун, ҳамоҳангсозии саҳми техникӣ дар пешниҳоди лоиҳавӣ;
• Таҷрибаи қаблан санҷидашудаи таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ барои донорҳои байналмилалӣ;
• Қобилияти якҷо намуда тавонистани таҷрибаҳои гуногун, методология ва равишҳо аз доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор, ташкилотҳо ва мутахассисони техникӣ аз бахшҳои гуногун;
• Донишҳо дар бораи ислоҳоти милитсияи дар Тоҷикистон гузаронида шуда истода ва қонунгузории дахлдори миллӣ бартарият мебошанд;
• Қобилияти кор дар командаи бо одамони дорои фарҳанг ва дини гуногун ва назари сиёсии мухталиф, ҳамзамон беғаразӣ ва холисонагии худро нигоҳ дошта тавонистан;
• Қобилияти таҳти фишор ва дар мӯҳлатҳои фишурдашуда кор кардан доштан;
• Дар сатҳи хуб донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ. Донистани забони англисӣ қобили қабул аст;
• Қобилияти истифодаи барномаҳои компютерӣ Microsoft Office, аз ҷумла MS Word, Excel ва почтаи электронӣ.
Ҳаҷми ҳавасмандгардонӣ ва тартиби пардохт:
Музди маоши мутахассисони миллӣ ва байналмилалӣ мутобиқи ҷадвали қиёсии музди кори САҲА муайян карда шуда, ҳамчунин таҷрибаи касбӣ ва малакаи номзад ба инобат гирифта мешавад. Номзадҳо бояд нишон диҳанд, ки оё барои қабули пешниҳодҳои ба ин монанд дар оянда, дар рӯйхати машваратчиёни САҲА будан мехоҳанд.

 Тартиби пешниҳоди дархостҳо барои иштирок:

Ба ҳамаи шахсони таваҷҷуҳдор тавсия дода мешавад, ки дархостҳои худро тавассути вебсомонаи САҲА, бо истифода аз пурсишномаи электронии дар ишораи: https: //jobs.osce.org. гузошташуда, фиристанд. Пурсишномаҳо, ҳамроҳ бо мактуби замимашаванда ва тавсияҳоро метавон ба e-mail Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бо нишон додани рақами эълон дар сархати мавзӯъи мактуб равона сохт ва ё дар шакли мактуби мӯҳрзадашуда ба Шӯъбаи кадрҳои САҲА ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, 18-А, бо қайди «Барои баррасӣ: 1 байналмилалӣ (дар ш.Душанбе истиқоматкунанда) ва 3 мутахассиси миллӣ барои таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва тавсияҳои амалӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои Стратегияи ислоҳоти милитсия» дастрас намуд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика