Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сада ҷашни мулуки номдор аст...

«Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, пас аз сукути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар пораи аз сарзамини таъриҳии аҷдодиаш давлати ҳудро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад»

Эмомалӣ Раҳмон

Аз давраҳои қадим то имрӯз, Наврӯз, Сада, Меҳргон ва суннату оинҳои онҳо як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо мебошад. Аз ин рӯ пос доштани ин суннатҳо ҳамчун суннатҳои аҷдодӣ ба ҳар яки мо амри ҳастӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Зеро тамаддуни Ориёӣ ба инсоният ҷашнҳоеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад.
Яке аз қадимтарин суннатҳои ҳалқи мо ҷашни Сада мебошад. Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз давраи қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми Форснажод ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо ба сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулҳанҳои бузург гиромӣ медоштанд.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман солшумории ҳиҷрӣ - хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд.
Ҷашни Сада азбаски дар меҳвари оташ меистад «ҷашни оташ» низ меноманд ва онро марбут ба оини Зардуштӣ шуморидаанд, вале ба қавли устуршинос Меҳрдоди Баҳор, Сада ҷашни Зардуштӣ нест, зеро дар Авастову мантиқҳои паҳлавии Сосонӣ аз Сада ишорае нагардидааст. Саранчом зардуштиён ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазиранд, вале эҳтимолан Садаро маросими ҷодуӣ андешида вориди дин нагардонидаанд.
Оид ба шарҳи истилоҳи ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки Сада аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё имлои 100 аз 100 шаб ва рӯз иборат буда, замону фарорасии Наврӯзро ифода мекунад. Аммо номи ин ҷашн ба шумораи сад ва наздик омадани Наврӯз иртиботе надорад. Сада ҷашни оини митроӣ ё меҳрпарастӣ аст.
Дар тақвимҳои халқи тоҷик чиллаҳое вуҷуд доранд, ки решаи чилла низ ба дини митроӣ рафта мерасад. Чиллаи калони тоҷикон, инчунин мардумони дигар форстабор аз 21-уми декабр оғоз меёбад. Ин рӯз дар оини Митроӣ зодрӯзӣ Эҷод Митро маҳсуб шудааст, яъне рӯзи таваллуди нуру равшанӣ аз 21-уми декабр cap карда, рӯзҳову дақиқаҳо дарозтар мешаванд. Ин рӯзро Форсҳо шаби ялдо номида то ба фарорасии субҳ таҷлил мекунанд.
Шаби ялдо шаби таваллуди Митро аст. Вожаи «Ялдо» аз забони Суриёӣ буда, маънояш валодат ва ё таваллудро дорад. Тибқи ривоятҳои бостонӣ Митро дар ғор таваллуд шуда, чил рӯз онҷо мемонад ва рӯзи чилуякум аз ғор берун меояд. Ин суннат ҳоло ҳам дар байни мардуми мо ҷорист, ки тифли навзодро чилладор шуморида, чил рӯз бо эҳтиёт парвариш мекунанд, ба берун намебароранд, ба шахси бегона нишон намедиҳанд, шабона танҳо намемонанд.
Форсиёни қадим рӯзи аз ғор берун омадани Митроро бо номи Сада ҷашн мегирифтанд. Ҳамчунин рамзи равшанӣ ва гармӣ гулханҳои бузург меафрӯхтанд, дар атрофи онҳо хурсандию шодмонӣ мекарданд. Ин ҷашн ёдгориест аз давраи ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг, баъзеҳо ба Фаридун ва ҳатто ба Ардашер нисбат медоданд.
Фирдавсӣ дар Шоҳнома бунёд гузаштани ҷашни Садаро ба кашф намудани оташ иртибот медонад. Ҳушанг дар шикор бо наздиконаш мори бузургеро мебинад ва сангеро бардошта ба сӯи он мор мепартояд. Мор гурехта меравад, аммо санги партобташуда ба санги дигаре бархӯрда аз он шарораҳо меҷаҳанд. Шарораҳо ба хасу хошоки хушк часпида алангаи оташ баланд мешавад ва тафсили он чунин аст:

Як рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ

Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратангу тезтоз,
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг,
Баромад санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд,
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он чанг боз.

Этнографи рус Николай Алексеевич Кисляков соли 1975 дар деҳаи Нурунҷ, Деҳи баланд, Қароқутан ва Ҷавгӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгир шудаанд пажӯҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории маросими Ҳут ишораҳо намудааст. «Мардуми ин деҳаҳо дар се рӯзи аввали ҳут маросими оташафрӯзӣ барпо мекарданд. Дар ҳар оила 100-донагӣ нони чаппотӣ пухта, ба табақҳои чӯбин реза карда, ба он равғани зард андохта, ба дуғ якҷоя карда мехӯрданд. Ин хӯрок равғанҷӯширо бо навбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рӯз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррӯза калонтар афрӯхта, дар атрофи он чой менушиданд ва ғизо мехӯрданд».
Ҷашни Сада аз замони Ориёиҳо cap карда, то давраи салтанати Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маълум буда, дар байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асри 12-13 шоҳону руҳониёни мутаасиб бисёр суннатҳои бостонии мардумони Ориёиро оинҳои ҷодугӣ, бутпарастӣ шуморида манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҳамин ҷашни Сада буд.

Тасвири ҷашни Садаро дар замони Сомониёну Ғазнавиён дар асрҳои таърихию бадеӣ махсусан дар қасидаҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки он дар ашъори Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон ишораҳову тасвирҳои бештар ба назар мерасад. Дар адабиёти форсу точик баъзан шоирон мувофиқи завқи шоҳони худ амал карда, дар қасидаҳояшон ҷашни Садаро васф мекарданд: Масалан Унсурӣ дар яке аз қасидааш ҷашни Садаро истиқбол карда чунин менависад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин имшаб ту гӯйи кӯҳи тур аст,
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд.
В-агар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.
Ҳамон к-ин диёр андар биҳишт аст.

Ҳамин тариқ Сада ҷашни бостонии тоҷикон буда, мазмунҳои асотирӣ дорад ва онро ба хотири анҷомёбии чиллаи калони фасли зимистон таҷлил мекарданд. Аз ишораҳои шоирони асри 10-12 маълум аст, ки Сада дар ин асрҳо як андоза эҳё гашта ҳамчун як ҷашни оммавии дарборию маъмурӣ аслан, бо мақсади шодию нишот гузаронида мешуд. Пас аз ҳамлаи муғулҳо ва монеъ шудани шоҳони турктабору мутаассибон Сада расман аз ҷашнгирӣ бозмонд. Аммо дар байни мардуми заҳматкаш бозмондаҳои он дар шаклҳои гуногун то дергоҳ маълум буданд.
Имрӯз баъд аз ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳдо намудани суннату фарҳанги ниёгон бо ташаббуси Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҷашни миллию аҷдодии халқи тоҷик аз нав зинда карда шуд, ки онҳо ҷашни Наврӯз, Меҳргон ва ҷашни Сада мебошанд.
Наимова Мавҷуда Юсуфовна, муаллимаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика