Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИЛРО ФАРАҲЕСТ АЗ АЛВОНҶХӮРИИ ПАРЧАМ

214Нахустин Парчами миллии мо таърихи чандҳазорсола дошта, дар замони шоҳи каён Фаридун арзи вуҷуд кардааст, аммо арзиши бештар дар он зоҳир мешавад, ки парчами нахустини миллии мо парчами адолат ва озодӣ будааст. Парчами нахустини миллии мо аз пешбанди чармини оҳангарӣ таркиб ёфта буд ва шояд аз ин ҷиҳат дар тӯли таърихи гарону пурмоҷаро ҳамеша пойдору пойбарҷо будааст. Он Парчаме буд, ки ба нишони эътироз бар ҷабру зулми замона, барои адолату инсоф боло гардида буд. Коваи оҳангар пешбанди чармини худро сари найза карда, болои сар бардошт ва мардумро барои барқарор намудани адолату инсоф ва озодиву ҳуқуқбаробарӣ раҳнамо гашт. Ва мардум низ зери ин парчами нахустин аз паси Коваи оҳангар барои додхоҳиву бунёди адолат бар зидди ҷабру зулм ва беинсофии Заҳҳок ба по хестанд. Ин манзараи ҳассосу таърихиро Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар "Шоҳнома"-и безаволаш хеле хуб тасвир кардааст. Ва Коваи оҳангар - нахустин парчамбардори таърихи мо, таҳти ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситад тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯйи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.

Фаридун чун ин дирафши ковиёниро бидид, дар он фоли некро дарёфт ва онро қабул кард. Сипас ӯ ин парчамро ороиши тозае дод ба дебои Рум ва зару гавҳар ва онро парчами кишвар сохт. Баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахти Каён меомад, аз худ нақшу нигор ва зеваре бар ин парчам зам менамуд, то шукӯҳи он афзунтар бошад, то ҳадде, ки ин парчам аз симу зар нурафшон гардид.
Воқеан, тавре аз ин таърихнигории миллат дармеёбем, шараф ва нангу ифтихори парчамдорӣ дар қалбу вуҷуди аҷдодони мо ҳанӯз ҳазорон сол пеш афрӯхта шуда буд. Ин аст, ки имрӯз баъд аз ҳазорсолаҳо, баъди ба вуқӯъ пайвастани армони дерини халқамон, яъне озодиву соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ, тоҷикон бо чӣ нишоту фараҳ ва ифтихори бузург аз Парчами миллӣ истиқбол намуданд. Аз ин рӯ, дар муносибат ба Парчами миллӣ, ки рамзи соҳибдавлатӣ ва бузургтарин муқаддасоти Ватан аст, бояд хеле ҳам эҳтиёткор бошем, Парчами миллӣ сари баланду ифтихор ва шарафи мост, ки бароямон гаронтар аз ҷон аст.
Набояд фаромӯш кунем, ки пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Дарвоқеъ, боиси сарфарозист, ки Парчами миллии мо дар маркази шаҳри Душанбе, дар баландие, ки аз ҳама ҷониби пойтахт ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Яке аз баландтаринҳо ва пуршукӯҳтарин парчами рӯйи замин аст.
Вақте кишварҳо сари нанг меоянд, ба по мехезанду зери парчами худ саф меороянд, парчамашонро болои сар мебардоранд ва роҳнамои хеш месозанд. Зеро шукӯҳи парчам, нангу номуси парчамдорӣ, яъне ватандорӣ, намегузорад, ки онҳо мағлуб шаванд, таслим гарданд.
Бояд гуфт, ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзӣ, нишони ғолибияти он миллат аст. Боло шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гуногуни дунё низ нишони пирӯзии варзишгарони мост. Гузашта аз ин, ҳар боре, ки дар чорабиниву ҷамъомадҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баргузор мегарданд, парчамҳои парафшони дигар кишварҳоро дар қатори парчами миллии худ мебинем, ҳисси шарафу ифтихор моро фаро мегирад. Зеро вақте парчамҳои миллии дигар кишварҳо ба ҳам меоянду аз як насими ҳамдилӣ алвонҷ мехӯранд, бо дурахшу гуногунрангии худ ба дилҳо фараҳ мебахшанд, ин нишони дӯстиву бародарист, нишони тинҷиву осоиштагӣ, нишони хушбахтии инсоният аст. Бигзор ҳамеша чунин бошад! Бигзор ҳамеша дар саҳнаҳои дӯстонаи мо теъдоди парчамҳои гуногунранг ҳар чи бештару бештар гардад ва ин парчамҳо ҳар чи бештар меҳмони ҳамдигар бошанд, ки нишони тинҷиву осоиштагиву дӯстиву бародарист!

Темурзода Шамсидин Сафар,
судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика