Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва баррасии ҳалли мушкилоти онҳо

532Дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми майи соли 2018 бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмаки донишҷӯёне, ки аз вилояти Суғд дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур дар тарабхонаи «Қанд»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз факултетҳои №2 ва №5 иштирок доштанд.

533
Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумӯъ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳамчунин Президенти мамлакат дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтаринро муҳайё кардааст».
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ бо донишҷӯён бохабар шудан аз ҳолу аҳволи онҳо, расонидани кӯмак ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо дар давоми таҳсил иборат буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ барои донишҷӯён дастурхони идони ороста шуда, ҳар кадоми онҳо бо таҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гузаронидани чунин намуди чорабиниҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ҷиҳати фаро гирифтани дастгирии ҳаматарафаи донишҷуён ва курсантон саривақтӣ буда, барои боз ҳам хубтар аз бар намудани дониш ва касбу ҳунар ба онҳо кӯмак хоҳад кард.
Охматов С.Р., сержанти хурди милитсия

 




Рӯйдодҳо

  • Дуздидани таҷҳизотҳои мебелсозӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ....

    17.08.2018 08:24
  • Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

    Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи ....

    17.08.2018 08:18
  • Ариза аз болои шавҳари собиқ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 50-солаи сокини кӯчаи Ҳисори ....

    17.08.2018 08:17
  • Дуздии насоси обкашӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ аризаи шаҳрванд Авазбеков Имомдод Раҳимдодович, ....

    16.08.2018 11:36
  • Дуздии ҷавоҳирот дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритус

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.08.2018 09:40
  • Ҳалокати дучархарон ва кӯдаки хурдсол аз беэҳтиётии ронандагон

    Рӯзи 14-уми августи соли 2018, тахминан соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    16.08.2018 09:40
  • Тамаъҷӯӣ бо роҳи таҳдид

    Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи ....

    16.08.2018 09:40
  • Беҳудагардии шаб ҷавононро ба ҷиноят бурд

    Бо гумони он ки шабона содир намудани ҷиноят аз назарҳо ....

    15.08.2018 17:16
  • Академия бо маҳсулоти худӣ таъмин мегардад

    Кормандон ва устодони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони ....

    15.08.2018 17:11
  • Бо таҳдид ва роҳзанӣ гирифтани маблағ ва телефонҳои мобилӣ

      Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 марди 35-солаи сокини ....

    15.08.2018 09:51
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия ....

    Рӯзи 3-августи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ....

    01.08.2018 09:42
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    30 июли соли 2018, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    27.07.2018 09:42
  • Озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»

    Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои ....

    10.07.2018 09:48
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ....

    19.06.2018 16:11